«Саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст». Таҳти ин унвон дар Душанбе аксия баргузор шуд

Сентябрь 16, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ   дар боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва майдони «Дӯстӣ» –и ноҳия бо иштироки васеи намояндагони сохторҳои марбута ва донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия таҳти унвони  «Саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст» аксияи тарғиботӣ гузарониданд. Мақсад аз роҳандозии  ин аксия пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва ба сокинони пойтахт пешниҳод намудани тавсияи  мутахассисони соҳа оид ба роҳҳои муҳофизат аз гирифторӣ  ба ин бемории сироятӣ мебошад.

Тавре муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавируси нав — «Сovid-19» Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  тасдиқ гардидааст, ки дар асоси он  масъулин ҳамарӯза  байни сокинону меҳмонони пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

«Корҳои фаҳмондадиҳӣ  асосан  дар бозору мағозаҳо, мактабу донишгоҳҳо ва дигар  ҷойҳои  ҷамъшавии зиёди одамон бурда мешаванд. Боиси таассуф аст,  ки баъзе аз сокинони шаҳр ҳанӯз ҳам оқибати хатарнок доштани ин бемории сироятиро дарк накардаанду  нисбат ба саломатии худ ва дигарон бетафовутӣ зоҳир карда, на танҳо масофаи иҷтимоиро риоя намекунанд, балки дар кӯчаву бозор бе ниқоб мегарданд.  Дар ҷараёни баргузории аксияи имрӯза  ба сокинон маводи антисептикӣ, варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд ва ба онҳо фаҳмонидем, ки пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст»,- афзуд Наргис Шарифзода.

Дар  ин чорабинӣ   ба аҳолӣ расонида ва хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро нигоҳ доранд.

Ёдовар мешавем, ки  дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон мавҷи дуюми бемории сироятии COVID-19 ба қайд гирифта шуда, мутахассисони соҳаи тиб сабаби хуруҷи навбатиро дар омилҳои гуногун, аз ҷумла  беэътиноии  аҳолӣ  ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, аз қабили истифодаи ниқоб ва риояи ҳатмии  фосилаи иҷтимоӣ  арзёбӣ мекунанд.

Сентябрь 16, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад