Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд

Сентябрь 16, 2020 11:29

ДУШАНБЕ, 16.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Суғд кварс” оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд.

Аз рӯйи лоиҳа корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал хати истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ба кор андохта мешавад, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 100 тоннаро дар бар мегирад.

Дар ин хати истеҳсолӣ 80 номгӯй маҳсулоти шишагӣ, аз ҷумла зарфҳои ҳаҷмашон аз 250 гр то 3 литр истеҳсол мегарданд. Муҳлати ба кор андохтани хати истеҳсолии мавриди назар як сол буда, он ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал 150 нафар ва баъди ба кор андохтани хати дуюми истеҳсолии корхона боз 250 нафар, дар маҷмӯъ 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи шишаи сохтмонӣ дар як шабонарӯз 15 ҳазор метри мураббаъ ё 150 тоннаро ташкил медиҳад.

Ғафсии шишаи истеҳсолшаванда дар ин хати истеҳсолӣ аз 2 то 10 миллиметр ва паҳноии он 2,25 метр мебошад. Шишаи сохтмоние, ки дар корхонаи бунёдшаванда тавлид мешавад, сайқалёфта буда, истеҳсоли он ҳанӯз дар мамлакат ба роҳ монда нашудааст.

Дар корхона ба роҳ мондани истеҳсоли шишаи нақшдор ва оина низ дар назар дошта шудааст. Ҳудуди умумии коргоҳи “Суғд квартс” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 40 гектарро фаро мегирад. Корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар масоҳати беш аз 5 гектар бунёд карда мешавад ва дар масоҳати боқимонда иншооти ёрирасон сохта мешавад.

Корхона бо сармояи дохилӣ ва хориҷӣ бунёд шуда, дар он технологияи пешрафтаи аврупоӣ васлу насб мегардад.

Барои истеҳсоли маҳсулот асосан реги кварсӣ, оҳаксанг ва даламит истифода мегардад, ки пурра аз конҳои дохили мамлакат дастрас карда мешавад.

Реги кварсӣ аз кони Қурғонча интиқол дода мешавад. Захираи арзёбишудаи ашёи хом дар кони мазкур зиёда аз 40 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Барои кашонидани реги кварсӣ ва дигар ашёи хоми зарурӣ 10 техника, аз ҷумла 6 мошини калони боркаш ва 3 адад механизми истихроҷкунанда сафарбар карда мешаванд. Инчунин кашонидани ашёи хом аз кон то корхона тавассути роҳи оҳани камбар низ дар назар дошта шудааст, ки ин омил барои арзон шудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад.

Бунёди корхона ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шуда, мақсади соҳибкорон саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин ҳисобида, таъкид доштанд, ки бо бунёд гардидани чунин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ аз як ҷониб ҳаҷми истеҳсолот, инчунин иқтисодиёти мамлакат боло бурда мешавад, аз тарафи дигар он дар таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам гардидани зиндагии шоиста барои онҳо мусоидат менамояд.

Оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 16.09.2020

Сентябрь 16, 2020 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд