Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии «Олами ангур» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар деҳоти Ошоба аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” боздид намуданд.
Токзор ва боғи интенсивӣ дар ноҳияи Ашт аз ҷониби бародарон — соҳибкорон — Зайналобиддин, Толибҷон ва Бахтиёр Махсудҷоновҳо дар доираи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи мақсадноку пурсамари замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида бунёд карда шудааст.
Масоҳати боғи навбунёд дар маҷмӯъ 15 гектарро дар бар мегирад ва дар се гектари он 1500 адад ниҳоли бодоми навъи аъло шинонида шудааст.
Дар умум теъдоди ниҳолҳои боғи нав 21 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Ниҳолҳои токро таъсисдиҳандагон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Амрико, Аврупо, Россия, Украина, Туркия ва Чин дар асоси тавсияи мутахассисони соҳа ворид кардаанд.
Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин боғи интенсивӣ иттилоъ дода шуд, ки аллакай соли дуюм 15 намуди ниҳол нишон доданд, ки ба иқлими минтақа мувофиқанд ва аз онҳо ҳосили зиёд ба даст овардан мумкин аст.
Имсол аҳли хоҷагӣ аз як бех ток то 10 килограмм ва дар маҷмӯъ 1,5 тонна ҳосил интизоранд.
Аз ин боғ навъи ангури кишмиш ва тоифӣ ҷамъоварӣ ва ба бозор бароварда шуд.
Дар токзори навбунёд зиёда аз 52 навъи ангур, аз ҷумла тоифӣ, ҳусайнӣ, кишмиши сиёҳ, шоҳона, эмир, ризомат ва ғайра парвариш меёбанд, ки аксаран содиротӣ мебошанд.
Обёрии боғи навбунёд бо усули қатрагӣ сурат мегирад ва бо ин мақсад чоҳи амудӣ кофта шудааст.
Бино ба гуфти боғпарварон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити имрӯза барои сарфаи об ва боло бурдани сифату ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидати фаъол мекунад.
Дар боғи нави интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” 13 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, зиёда аз 50 нафари дигар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии бахши агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, иқлими мусоиди минтақаҳои мамлакат имконият медиҳад, ки майдони боғу токзор бо истифода аз ниҳолҳои серҳосил ҳамасола зиёд карда шавад ва бо ин роҳ талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои коркард бо ашёи хом пурра таъмин гардад.
Дар ноҳияи Ашт майдони боғу токзор зиёда аз 16 ҳазору 390 гектарро ташкил медиҳад ва хоҷагидорон ҳамасола бо талошҳо дар роҳи расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ масоҳати боғҳои содиротиро зиёд мекунанд.
Аҳли заҳмати хоҷагии “Олами ангур” бо дарки баланди маданияти истифодаи замин дар зери ниҳолони ток кишти зироати гуногун, аз ҷумла тарбузро ба роҳ мондаанд.
Дар кишти такрорӣ дар ин заминҳо мош корида шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки қариб 100 ниҳоли повлония, ки аз давлати Украина ворид карда шудаанд, ҳамчун таҷриба дар боғ парвариш меёбанд.
Повлония дар соли аввали парвариш то 3-4 метр ва дар солҳои баъдӣ аз 8-9 метр қат мекашад ва ангурро аз гарду ғубор ҳифз менамояд.
Ин навъи ниҳол баробари зебоӣ ҳамчунин дар муддати кӯтоҳ барои истифода дар сохтмонҳо омода мегардад.
Тавре таъкид гардид, гулкунии повлония то як моҳ идома мекунад ва ба гуфти мутахассисон, аз 1 гектари он занбӯрпарварон метавонанд то 700 килограмм асал ба даст оваранд.
Соҳибкорони ватанӣ дар оянда нақша доранд, ки дар назди хоҷагӣ корхонаи коркарди маҳсулот низ ба роҳ монанд ва бад-ин васила ҷойҳои кориро зиёд ва дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас гузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз боғи навбунёд иқдоми соҳибкорони ватаниро барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ва таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — амнияти озуқаворӣ намуна арзёбӣ намуда, барои истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ доир намуданд






