Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

Сентябрь 14, 2020 17:43
14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ

Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғози сухан ҳамаи шумо – намояндагони мардуми сарбаланду меҳмоннавоз, бонангу номус ва созандаву ободкори ноҳияи Мастчоҳро ба муносибати бисту нӯҳумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷашни фархундаи 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардида, нишонаи таърихи бостонии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, табрик мегӯям.

Воқеан истиқлолу озодӣ олитарин ва бузургтарин дастоварди мардуми тамаддунсозу фарҳангии мо буда, ҳамчун машъали фурӯзон роҳи моро ба сӯи фардои ободи Тоҷикистони азизамон равшану пурнур месозад.

Маҳз истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мову шумо имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги халқи худро ба таври шоиста қадрдонӣ кунем, анъанаву ойинҳои миллатамонро эҳё намоем, санаҳои таърихӣ ва шахсиятҳои бузурги халқамонро гиромӣ дошта, мероси бузурги маънавии гузаштагонро дар хизмати ҷомеа гузорем ва барои тарбияи наслҳои ояндасоз равона созем.

Ба шарофати истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот мардуми мо дар шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошта, имрӯз Ватани азизамонро хеле ободу пешрафта гардонидаанд ва ба хотири фардои боз ҳам ободтар сарҷамъона заҳмат кашида истодаанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, хусусан, дар зарфи солҳои охир рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа таъмин ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон хеле беҳтар гардид.

Рушди устувори иқтисоди миллӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки ба пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла фарҳанг ва бунёду азнавсозии иншооти соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Моҳи марти соли 2016 ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ки зимни сафари корӣ ба ноҳия баргузор гардида буд, хотирнишон карда будам, ки мардуми ноҳияи Мастчоҳ пас аз кӯч бастан ба мавзеи нав ва бунёд намудани диёри сабзу хуррам, дар навбати аввал, суннатҳои қадимаи аҷдодиро бо ифтихор ва садоқат ба ойинҳои ватандории худ ҳамроҳи хеш ба ин сарзамини навбунёд оварда, онҳоро то кунун идома медиҳанд.

Сокинони Мастчоҳ, дар ҳақиқат, меросбарони асили тамаддуну фарҳанги чандинҳазорсолаи ниёгонамон ҳастанд, ки суннату падидаҳои таърихии аҷдодамонро бо ойинҳои навини даврони соҳибистиқлолии кишварамон омезиш дода, бо ин роҳ дар ғанӣ гардонидани фарҳанги миллиамон ҳиссаи арзишманд мегузоранд.

Бо дарназардошти ҳамин масъала, Ҳукумати мамлакатро вазифадор карда будам, ки ба хотири рушди фарҳанги ғании аҷдодӣ, тайёр кардани ҳунармандони касбӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти дастаҳои хунарӣ дар маркази ноҳия қасри замонавии фарҳангро бунёд карда, ба хизмати мардуми ноҳия ва аҳли санъату ҳунар супорад.

Ин қасри навбунёди фарҳанг, ки дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад ва аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ба маблағи зиёда аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардид, имрӯз бо тамоми таҷҳизоту шароити муосир ба истифода супорида шуд.

Бовар дорам, ки ба истифода додани ин Қасри фарҳанг дар доираи эълон шудани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба пешрафти боз ҳам бештари санъату ҳунари мардуми Мастчоҳ ва ҳифзу гиромидошти суннатҳои қадима мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин умед дорем, ки аз ҳисоби ҷавонону наврасони соҳибзавқи ноҳия ҳунармандони номвари мамлакат ба камол расида, ба мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат хоҳанд кард.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки аҳли фарҳанги ноҳия минбаъд низ дар тараннуми ғояҳои меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ, шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватан ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ бояд пешсаф бошанд.

Ҳамчунин, театри халқии ноҳия, Ансамбли фолклорию этнографии «Нақш», гурӯҳи рақсии кӯдаконаи  «Садбарг», ки дар байни мардум маҳбубияти зиёд доранд, инчунин, дигар дастаҳои худфаъолияти бадеии мавҷуда бо истифода аз имкониятҳои беҳтарини муҳайёгардида бояд фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, дар баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии мардум, махсусан, наврасону ҷавонон, тарғиби санъату фарҳанги асили миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми сазовор гузоранд.

Шубҳае нест, ки шумо — мардуми бонангу номуси Мастчоҳи бостонӣ аз ободиву пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони маҳбуб нерӯи нав гирифта, дар оянда низ барои рушду тараққиёти Ватани азизамон аҳлона ва содиқона заҳмат мекашед.

Дар охир, ҳамаи шумо, сокинони бонангу номус ва заҳматдӯсту ҳимматбаланди ноҳияи Мастчоҳро бори дигар ба муносибати 29 — солагии истиқлоли давлатӣ, 5500 — солагии Саразми бостонӣ ва ифтитоҳи Қасри зебои фарҳанг табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия сулҳу оромӣ, файзу баракат ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Сентябрь 14, 2020 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Дар шаҳри Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд