ХБА тағйирёбии иқлимро таҳдиди ҷиддӣ ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ мешуморад

Октябрь 13, 2020 10:39

ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим ба рушди иқтисодӣ ва шукуфоии ҷаҳонӣ ҷиддан таҳдид мекунад. Дар ин бора имрӯз директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Кристалина Георгиева зимни суханронӣ тавассути алоқаи видеоӣ дар ҷаласаи Эътилофи вазирони молия, ки тарафдори мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошанд, изҳор намудааст, — хабар медиҳад ТАСС.

«Тағйирёбии иқлим дар зоти худ таҳдиди ҷиддӣ ба рушд ва шукуфоӣ мебошад. Ин бениҳоят муҳим аст», — гуфт роҳбари ХБА. Вай даъват кард, ки маблағҳои барои дастгирии иқтисодиёт ба сабаби буҳрони вобаста ба пандемияи ҷудошударо барои сармоягузории фаъолият ҷиҳати муҳофизати табиат истифода намоянд. Чунин равиш имкон медиҳад, ки ҳам ММД-и ҷаҳонӣ афзоиш ёбад ва ҳам миллионҳо ҷойҳои корӣ ташкил карда шаванд.

Роҳбари ХБА инчунин аз ҳукуматдорони кишварҳое, ки муҳити зистро бо миқдори зиёди партовҳо олуда менамоянд даъват кард, ки арзиши камтарини квотаҳои карбониро муқаррар кунанд.

                                             ДАР АКС: Қароргоҳи ХБА. Акси Reuters

Октябрь 13, 2020 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд