Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хатти интиқоли барқи 04 киловолтро дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 8, 2020 10:16

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хатти интиқоли барқи 04 киловолт дар масофаи 53 километр барои 9 деҳаи деҳоти Ромитро мавриди истифода қарор доданд.

Татбиқи лоиҳаи бунёди зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хатти интиқоли барқи 04 киловолт дар масофаи 53 километр барои дастрасии мардуми деҳот ба неруи барқ нигаронида шуда, он имкон фароҳам овард, ки сокинони деҳоти Ромит — деҳаҳои Қоху Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан, Дашти мазор, Ғусғеф ва Пичеф, дар маҷмӯъ 9 деҳа иборат аз 3 100 нафар аҳолӣ аввалин бор давоми солҳои тӯлонии истиқомат дар ин мавзеъ ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намоянд.

Маблағи умумии гранти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ 60 млн. сомониро ташкил дода, он барои корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ “Ромит”, хатҳои интиқоли нерӯи барқи 110, 20 кВ ва 0,4 кВ, насби ҳисобкунакҳои электронии барқӣ ва хизматрасониҳои мушовирӣ ҷиҳати назорати татбиқи лоиҳа, равона гардид.

Мардуми шукргузори шаҳри Ваҳдат сокинони деҳаҳои деҳоти Ромит ба Сарвари давлат барои туҳфаи арзишманд изҳори сипос намуданд, зеро акнун бо шарофати истиқлол ва сиёсати созандаи роҳбарони давлату Ҳукумати мамлакат равшанию гармӣ ба хонадони ҳар сокини деҳаҳои ин минтақа ворид шуд.

Корҳои сохтмониро ғолиби озмуни сохтмонӣ- ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба анҷом расонд.

Дар рафти татбиқи лоиҳа 46 нафар корманд бо кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Дар баробари  ин, дар доираи лоиҳаи мазкур трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти барқии ба бунёди инфрасохтори зикргардида алоқаманд аз коргоҳҳои бонуфузи истеҳсолии ширкатҳои Чинт Электрик “Chint Electric”, Ҷинагсу Ругао Ҳиг Волтеҷ Электрик Аппартус “Jinagsu Rugao High Voltage Electric Appartus”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, Алимар Генератор “Alimar Generator” ва Метранак “Metranak”-и Ҷумҳурии Туркия ва “Южноуральский арматурно-изоляторный завод”-и Федератсияи Россия ворид карда шуд.

Ҳамзамон вобаста ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, харидории такягоҳҳои хатҳои интиқоли барқи 20 кВ ва 0,4 кВ ба маблағи   2,4 млн. сомонӣ аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Поянда” ва зиёда аз 49 тонна ноқилҳои навъи гуногун аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ноқили Талко” ба маблағи 1,4 млн. сомонӣ харидорӣ ва дар лоиҳа истифода карда шудааст.

Бунёди инфрасохтори барқӣ ва мутаносибан васеъ гардидани имконоти бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосир дар ин мавзеи сайёҳӣ ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ низ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Мавриди зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи “Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит” барои таъмини иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат 4 июни соли 2016 баён доштанд, пешбинӣ гардида, бобати амалишавии он Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) давоми солҳои 2016-2017 ҳамкорӣ ба роҳ монд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ, барои барқтаъминкунии 9 деҳаи деҳоти Ромит сохтмони як адад зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ (бо насби як адад трансформатори 10 МВА), сохтмони тахминан 500 метр хати интиқоли барқи 110 кВ, сохтмони 46,75 км хати интиқоли барқи 20 кВ бо насби 810 адад такягоҳҳои оҳанубетонӣ, сохтмони 15 км хатҳои интиқоли барқи 0,4 кВ бо васлу насби 428 адад такягоҳ дар ҳамаи деҳаҳои зикргардида, насби 9 адад нуқтаҳои трансформатории 20/0,4 кВ, бо насби низоми ҳисоби нерӯи барқ иҷро гардид.

Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ назорати саривақтии татбиқи лоиҳа аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ, инчунин ширкати мушовирии кореягии “KEPCO” таъмин гардид.

Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор додани онро қадами муҳиме дар роҳи расидан ба истиқлоли қомили энергетикӣ номиданд.

Ифтитоҳи зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хатти интиқоли барқи 04 килловолт дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат 08.10.2020

Октябрь 8, 2020 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий