Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарварӣ ва меҳмонхонаи ҶДММ «Баҳор»-ро дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарварӣ ва як меҳмонхонаро дар ин мавзеи дилфиреб ифтитоҳ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳавзҳои моҳипарварӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” -и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати 13 гектар ташкил гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз моҳи январи соли 2018 оғоз гардида буд.
Аз соли 2019 инҷониб дар ин мавзеъ дар 21 ҳавзи моҳипарварӣ, ки масоҳаташон аз 60 то 160 метри мураббаъ мебошанд, моҳиҳои гулмоҳии навъҳои рангоранг (радужний), дарёгӣ (речной) ва тиллоранг (янтарний) парвариш карда мешаванд.
Барои дар оянда васеъ кардани фаъолияти моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит сохтмони ҳавзҳои нав идома дорад. Соҳибкор ният дорад бо дастгирии роҳбарони давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” бозорҳои пойтахтро бо ин навъи маҳсулот таъмин карда, оянда барои содирот ҳам моҳӣ истеҳсол намояд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 дар ҳавзҳои мазкур 30 тонна моҳӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда шуда, соли 2021 дар нақша аст, ки беш аз 60 тонна моҳӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда шавад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” -и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки роҳбариашро соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов ба уҳда дорад, бо Ширкати “Алераква”-и Ҷумҳурии Полша ҷиҳати дастрас намудани хӯрокаи моҳӣ шартномаи ҳамкорӣ бастаанд.
Дар вақти сохтмони маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатии “Баҳор” зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буданд. Акнун баъди ифтитоҳи маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатӣ 50 нафар ба кор ҷалб шуданд.
Ҳамаи масолеҳи сохтмонӣ ватанӣ буда, барои ободу зебо кардани як минтақаи вайрону валангор ва ноободи соҳили дарёча истифода гардидааст.
Дар даромадгоҳи ҳамин мавзеъ аз тарафи соҳибкор як иншооти сеошёнаи дорои сардхона барои 100 тонна маҳсулот, ошхона ва меҳмонхона бунёд карда шудааст.
Дар даромадгоҳи маҷмааи моҳипарварию истироҳатӣ ба Сарвари давлат лоиҳаҳои иншооти мазкур ва дурнамои кори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 синфхонаи иловагӣ барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 800 нафар хонандаро бунёд карда истодааст.
Баъди ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадараи Деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхонаи навро мавриди истифода қарор доданд.
Бино аз ду ошёна ва 50 ҷойи қабули меҳмонон иборат буда, бо ҳамаи шароити зарурӣ таъмин мебошад.
Меҳмонхона аз ҳисоби даромади софи ширкат дар ин мавзеи дилфиреб бунёд шуда, дар он барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми имконот фароҳам оварда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми роҳбарону коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” барои обод кардани як гӯшаи диёр ва мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, сайёҳӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои корӣ изҳори сипос карданд.
Соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов уҳдадор шуд, ки оянда бо бунёди ҳавзҳои дигари моҳипарварӣ ва ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Гурҷистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Ираклий Кобахидзе оид ба рушду таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд






