Таҳти раёсати муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябри соли 2020 ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода баргузор гардид.
Дар рӯзномаи ҷаласа ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 «Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва тасдиқи нақшаи кори Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки масъалаҳои мазкур хеле муҳим буда, вобаста ба омӯзиши усулҳои муҳофизати инфиродӣ ва оммавии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ дар марҳилаи кунунӣ аҳамияти хосса доранд.
Ҳамзамон оид ба ҳисоботи ҷамъбастии зергурӯҳҳои гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши ҳолати воқеии муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирӣ ва табобати сирояти нави коронавирус (COVID-19), ки аз 6 августи соли 2020 тасдиқ гардидааст ва назорати масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳлили ҳолати воқеии пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва дар ин замина гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ ба масъулин дастур дода шуд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






