ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, чоршанбе, 288-умин рӯзи соли 2020 аст
14 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
***
5 сол пеш, 14 октябри соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкорон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
14 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон- Рӯзи соҳибкорон.
***
Рӯзи ҷаҳонии стандартикунонӣ.
***
Дар Беларус- рӯзи Модар.
***
Дар Россия- рӯзи кормандони мамнӯъгоҳҳо.
РӮЙДОДҲО:
14 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа ба истифода дода шуд.
***
96 сол қабл, 14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон ташкил ёфт.
***
14 октябри соли 2003 дар Душанбе бозиҳои V Осиёи марказӣ оғоз гардиданд, ки дар онҳо беш аз 700 нафар варзишгарон аз кишварҳои минтақа иштирок намуданд.
***
14 октябри соли 1851 дар Англия Агентии иттилоотии «Рейтер» ташкил ёфт.
***
14 октябри соли 1901 яке аз бузургтарин садамаҳои баҳрии асри ХХ ба вуқӯъ пайваст: дар ҳавои номусоид дар Байкал киштии «Потапов» ғарқ шуд, ки бар асари он тақрибан 200 нафар ҷони худро аз даст доданд.
***
14 октябри соли 1905 дар Париж Федератсияи байналмилалии аэронавтика таъсис дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2015 дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» -и шаҳри Душанбе сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ, маҳсулоти хӯрокӣ ва бандубастшуда — Agrofood-2015 баргузор гардид.