Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 17.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар барқияаш навиштааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли мамнуният табрикоти самимии хешро ба муносибати савгандёдкунии дарпешистодаатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям.
Умедворам, ки раванди ҳамкориро барои манфиати мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла тариқи Ҳамоҳангсози муқими СММ ва ҳайати кишварии СММ дар Тоҷикистон, инчунин Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ идома хоҳем дод.
Созмони Милали Муттаҳид ба уҳдадорӣ ва дастгирии пайвастаи Тоҷикистон аз арзишҳо ва принсипҳои СММ, аз ҷумла дар соҳаи сулҳу амният, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон такя мекунад.
Ҷаҳони имрӯза бо чолишҳои бесобиқа дар вокуниш ба бемории ҳамагири COVID-19 рубарӯ мебошад. Дар ҳоле ки чолишҳои мазкур таваҷҷуҳи саривақтиро талаб менамоянд, дигар масъалаҳоро низ наметавон канор гузошт. Ман боварии комил дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо ба ҳаллуфасли масъалаҳои мубрам, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, обу нигаҳдошти пиряхҳо, идомаи талошҳо барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва пуштибонӣ аз мултилатерализм содиқ хоҳад монд.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар иҷрои масъулиятҳоятон зимни даври нави президентӣ комёбиҳо орзӯ менамоям ва умедворам аз имконияти суҳбат бо Шумо, дар мавриди ҳамкориҳои густурдаи Созмони Милал ва Тоҷикистон бархурдор бошам.
Ҷаноби Олӣ, итминони маро ҷиҳати олитарин эҳтиромоти фоиқаам ба Шумо қабул фармоед».
Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Натиҷаҳои овоздиҳӣ далели сатҳи баланди дастгирии мардуми Тоҷикистон аз роҳи Шумо ба сӯи рушди босуботи кишвар мебошанд.
Итминон дорам, ки таҷрибаи ғании фаъолияти давлатии Шумо, иззату эҳтироми ҳамватанон ва обрӯву эътибори байналмилалиатон минбаъд низ ба таҳкими робитаҳои ҳамкории Россия ва Тоҷикистон, ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои мо мусоидат хоҳанд кард.
Ба Шумо ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон комёбиҳо ва некӯаҳволӣ орзумандам».
Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат ҳамчунин аз номи Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд — Валиаҳд, муовини Раиси Шӯрои вазирон, Вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Наталия Герман — Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ ворид гардиданд.
Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






