Дар доираи «16 рӯзи фаъол алайҳи зӯроварӣ нисбат ба занон» оид ба мавзӯи занони бо ВНМО зиндагикунанда ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 28, 2020 10:18

ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО» дар доираи «16 рӯзи фаъол алайҳи зӯроварӣ нисбат ба занон» бо иштироки намояндагони марказҳои ёрирасон ва ташкилоти ҷамъиятӣ ҳамоиш баргузор намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҳамоиш атрофи мавзӯъҳои таҳаммулпазирӣ дар ҳолати муроҷиати занони бо ВНМО зиндагикунанда, вазъи эпидемиологӣ, мушкилоти ҳуқуқии занон ва тасвири равонии занони гирифтори ВНМО, бахусус дар давраи Ковид-19 мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 феврали соли  2017 Барномаи миллии мубориза  бо эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 қабул гардид. Дар он яке аз ҳадафҳои   стратегӣ- фароҳам овардани шароити  мусоид барои  муолиҷаи  нафарони гирифтори  Вируси норасоии масунияти одам ва мубориза бо табъиз, аз ҷумла ислоҳоти  ҳуқуқӣ дарҷ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» доир мегардад, ки ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти умдаи иҷтимоӣ, бахусус зӯроварии оилавӣ ва бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон мебошад.

Ноябрь 28, 2020 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд