Дар Тоҷикистон соли 2020 беш аз 2 миллиард сомонӣ нафақа ва кумакпулиҳо пардохт карда шуданд
ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми пардохтҳои нафақа ва кумакпулиҳо дар Тоҷикистон аз аввали соли 2020 беш аз 2 миллиард сомониро ташкил дод, хабар медиҳад “Sputnik” бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон.
Ин нишондиҳанда баробар ба 184,6 миллион доллари ИМА аст.
Тибқи иттилои Вазорати молия, дар буҷаи давлат барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз ибтидо зиёда аз 3,9 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 233,7 миллион ё худ 6,4% зиёдтар аст.
Тибқи иттилои расмӣ, аввали моҳи ноябри соли 2020 дар Тоҷикистон беш аз 723 ҳазор нафақахӯр сабти ном шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз 1 сентябри соли 2020 зиёд карда шуданд. Ин иқдом барои дастгирии нафақахӯрон дар давраи пандемия қабул карда шуда, ба таври алоҳида аз бақайдгирии ҳармоҳа амалӣ карда шуд.
Акс аз бойгонӣ








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






