Филми сенариянависи тоҷик дар Теҳрон сазовори ҷоизаи Фестивали байналмилалӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар Теҳрон маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни Фестивали байналмилалии филмҳои «Муқовимат» баргузор шуд. Муаллифи сенарияи филми «Дар марз», коргардон ва драматурги тоҷик Искандар Усмонов бо ҷоизаи «Сенарияи беҳтарини филми ҳунарии кутоҳмуддат» мукофотонида шуд. Дар ин бора рӯзномаи «Вечерка» хабар медиҳад.
Филм дар ҳамкорӣ бо коргардони қирғиз Тинчтик Абилқосимов дар «Киргизфилм» ба навор гирифта шудааст.
Қаҳрамонони филми «Дар марз» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ ҳарф мезананд. Филм дар асоси саргузашти сокини солхӯрдаи як деҳаи Тоҷикистон, ки барои дидорбинии хешовандонаш ба деҳаи Қирғизистон меравад, таҳия шудааст.
Тавре коргардони тоҷик гуфт, филм 10 рӯз дар минтақаи Ботканди Қирғизистон ба навор гирифта шудааст.
Соли гузашта филми «Дар марз» дар озмуни байналмилалӣ дар VII Форуми филми ҷавони кишварҳои ИДМ «Умут» дар бахши «Мубрамияти ғоя» пирӯз шуда буд.








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






