Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ
ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар шаҳри Ниамейи Ҷумҳурии Нигер муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар ҳошияи нишасти 47-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Исломӣ (СҲИ) бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд мулоқот анҷом дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, амниятӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории муштарак дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
АКС ах ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






