«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ»: Аксияи ҷавонону варзишгарони Бадахшон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Ноябрь 23, 2020 14:06

ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз» бо иштироки гирандагони стипендияи президентӣ, ҷавонони гуногункасб, варзишгарони вилоят, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, сарбозони қисмҳои низомӣ, аъзои филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ аксияи ҷавонону варзишгарон баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Аксияро масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд. Зимни он  муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода вобаста ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Назира Амирбекзода иброз дошт, ки ҷавонони тоҷик ба рамзҳои муқаддас ва арзишҳои миллӣ эҳтироми хосса доранд, ба таъриху тамаддун ва фарҳанги волои миллат арҷгузор ҳастанд, аз неъматҳо ва дастовардҳои гаронбаҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ шукргузоранд, тамоми саъю талоши онҳо баҳри ободиву созандагӣ равона гаштааст, номбардору парчамафрози ин давлати маҳбуб дар арсаи ҷаҳонӣ ҳастанд, бар зидди ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб мубориза бурда, амалҳои хиёнаткорона ва ифротгароёнаро маҳкум менамоянд ва дар ҷамъомадҳои давлативу ҷамъиятӣ ва сиёсиву фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд.

“Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа бошад. Итминони комил дорем, ки минбаъд низ ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик, хусусан ҷавонони шуҷои мамлакат аз Парчами миллии худ ифтихор менамоянд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд”,-гуфт муовини раиси вилоят.

Ҳамзамон маърӯзачиён дар мавзӯъҳои “Парчами давлатӣ- ифтихори миллӣ ва рамзи Истиқлол”, “Парчам -рамзи давлатдории миллӣ”, «Парчам -рамзи муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аз таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ шеърҳои худро дар мавзӯи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қироат намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш як гурӯҳ ҷавонону варзишгарони фаъол бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

Ноябрь 23, 2020 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид