Пешбурди системаи иттилоотии бозор дар Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ шуд

Ноябрь 26, 2020 14:14

ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пешбурди системаи иттилоотии бозор дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Татбиқи соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» 25 ноябр дар шаҳри Душанбе зимни мизи мудаввар баррасӣ шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори  АМИТ «Ховар».

Дар ҷараёни ҳамоиш ба намояндагони раёсатҳои кишоварзӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ шарҳи мухтасари ташаккули омори нархҳои ҳафтаина, ки аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти фарогирии ҷуғрофӣ, номгӯйи маҳсулот ва модернизатсия тартиб дода шудааст, пешниҳод гардид.

Бояд гуфт, ки лоиҳа ба рушд ва дастгирии деҳот ва соҳибкорӣ равона шудааст.

Тавре ки сардори омори нархҳо ва тарифҳои Агентии омори ҷумҳурӣ Абдухалил Наҷибуллоев иброз намуд, дар айни замон системаи омори миллии мамлакат маълумотро оид ба нархҳои миёнаи маҳсулоти асосӣ ҳафтае 2 маротиба — рӯзҳои душанбе ва ҷумъа ҷамъоварӣ мекунад. «Ҷамъоварии иттилоот интихобан дар 22 шаҳру вилояти ҷумҳурӣ сурат мегирад. Шарҳи нархҳо барои 25 номгӯй молҳои мавриди ниёзи аввал, маҳсулоти хӯрокворӣ, бензин, гази моеъ ва қурби асъор ҷамъоварӣ мешавад. Маълумоти ҷамъоваришуда коркард ва ба истеъмолкунандагон: Ҳукумат, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ, хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ғайра пешниҳод карда мешавад», — зикр  намуд мусоҳиб.

Ба гуфтаи Абдухалил Наҷибуллоев, маълумот оид ба нархҳо имрӯз барои сокинони шаҳрҳо ва деҳот, истеҳсолкунандагон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аҳамияти калон дорад ва онҳо бояд дарк кунанд, ки нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон чӣ гуна тағйир меёбанд. Ин дар навбати худ сабаби афзоиши даромаднокии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар гардидани соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад.

Дар доираи лоиҳа дастгирии техникӣ такмил дода шудааст. Агар қаблан тамоми маълумот дар коғаз ҷамъоварӣ ва коркард мешуд ва ин вақти зиёд талаб мекард, ҳоло ин раванд дар шакли электронӣ бо кумаки планшетҳо ва компютерҳо сурат мегирад.

Ноябрь 26, 2020 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд