ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, якшанбе, 306-умин рӯзи соли 2020 аст

Ноябрь 1, 2020 08:00

1 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

***

12 сол қабл, 1 ноябри соли 2007  сомонаи интернетии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин www.tajikembassychina.com фаъол карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 меҳмонхонаи панҷситорадори «Серена»-и Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

1 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Того – Рӯзи ёдгорӣ.

***

Дар Либерия — Рӯзи миннатдорӣ.

РӮЙДОДҲО:

1 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати навбатии кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.

***

1 ноябри соли 2017 Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид.

***

1 ноябри соли 1895 дар Петербург «Иттифоқи мубориза барои озодкунии синфи коргар» таъсис дода шуд.

***

1 ноябри соли 1897 дар шаҳри Турини Италия клуби футболи «Ювентус» таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1938 Ҳукумати Мексика ба кишвараш аз Германия ворид шудани яҳудиёни гурезаро  манъ кард.

***

1 ноябри соли 1944 Агентии иттилоотии Япония «Киодо Тсусин» таъсис дода шуд.

***

1 ноябри соли 1993 Туркманистон асъори рублро бекор карда, асъори худ- манатро ҷорӣ намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2010  дар шаҳри Душанбе аввалин намояндагии дипломатии кишварҳои арабӣ – Сафорати Арабистони Саудӣ ифтитоҳ гардид.

Ноябрь 1, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, ҷумъа, 227-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, панҷшанбе, 226-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, чоршанбе, 225-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, душанбе, 223-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, якшанбе, 222-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, шанбе, 221-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, ҷумъа, 220-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, панҷшанбе, 219-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, чоршанбе, 218-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, якшанбе, 215-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 август, шанбе, 214-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, ҷумъа, 213-умин рӯзи соли 2025 аст