ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, душанбе, 307-умин рӯзи соли 2020 аст
2 ноябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вақти Шӯрои кантонҳои Парламенти Швейтсария Ханс Алтер доир ба ҳамгироӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
***
7 сол пеш, 2 ноябри соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум (11 ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе) фармон ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Шартнома оид ба шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид.
2 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони соҳаи фарҳанг.
***
Дар Мексика ва Эквадор — Рӯзи ёдоварӣ.
РӮЙДОДҲО:
2 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистон ва 12 ташкилоти донорӣ стратегияи муштараки ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
2 ноябри соли 2017 Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар доираи сафари расмии худ ба мамлакати мо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1940 дар Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ рутбаи сержанти хурд ҷорӣ карда шуд.
***
2 ноябри соли 1953 дар Покистон Ассамблеяи конститутсионӣ дар бораи эълон кардани Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор қабул кард.
***
2 ноябри соли 1978 Ҷумҳурии Доминикан истиқлоли комил ба даст овард.
***
2 ноябри соли 2016 дар Минск дар чорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавзӯи «Оид ба ҳамкории кишварҳои узви ИДМ бо Иттиҳоди Аврупо, Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ва оид ба масоили бехатарии Аврупо» байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ машварат баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2017 Душанбе ва Ашқобод аҳди бародарӣ бастанд. Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқободро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Ашқобод Шамуҳаммет Дурдилиев ба имзо расониданд.
***
Соли 2004 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар ошёнаи 77-уми бурҷи Эр-Риёди Арабистони Саудӣ баландтарин масҷид сохта шуд.