TИKA ба Тоҷикистон инфрасохтори муосири намоишгоҳӣ тақдим менамояд

Ноябрь 19, 2020 13:51

ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Агентӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар назди дастгоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Туркия (ТИКА) тасмим гирифтааст, ки то охири соли 2020 ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори ғурфаҳои муосири намоишгоҳиро, ки аз 1100 метри мураббаъ иборат аст,  тақдим намояд. ТИКА дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи ба Тоҷикистон тақдим намудани 1100 метри мураббаъ ғурфаҳои муосири намоиширо оғоз намуд.

Дар маросими баимзорасонии Протокол дар бораи таъмини ғурфа ва таҷҳизот барои намоишгоҳ ба Тоҷикистон, ки дар Душанбе доир гардид,  ҳамоҳангсози ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Эрбир гуфт, ки дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани лоиҳаи мазкур ба мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Туркия нақши муассир хоҳад гузошт, зеро бо баргузории намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ иқтидори мамлакат фаъол ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок тарғиб мегардад.

Лоиҳа рақобатпазирии ширкатҳоро дар мамлакат тақвият бахшида, ба имконоти иқтисодиёти миллӣ, шуғли аҳолӣ ва сармоягузорӣ барои давраи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат мусоидат хоҳад кард. Инчунин ғурфаҳои муосир, ки аз ҷониби ТИКА тақдим мегарданд, фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро тақвият мебахшанд ва имконоти ҳамкории байналмилалии палатаро афзун менамоянд. Алҳол дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ тақрибан 500 метри мураббаъ ғурфаи намоишӣ мавҷуд буда, қисми зиёди онҳо корношояму фарсуда гаштаанд. Аз  ин рӯ, бисёр намоишҳои байналмилалӣ ё гузаронида намешаванд ё бо ширкати иштирокчиён дар доираи имконоти мавҷуда баргузор мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бо мақсади ташвиқи сармоягузориҳо ва технологияҳои нави бахши воқеӣ мувофиқи як модели нави рушд ташкил намудани фазои сармоягузории миллӣ ва байналмилалиро аз авлавият муайян намудааст.

ТИКА созмони байналмилалии Туркия дар самти кумак барои  рушд буда, айни замон дар беш аз 60 кишвари дунё намояндагӣ ва дар 170 кишвар фаъолият ба роҳ мондааст. Дафтари барномаи ТИКА дар Душанбе соли 1995 ба фаъолият шурӯъ намуда, тақрибан 400 лоиҳаи рушд ва ҳамкории техникиро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот, обтаъминкунӣ, таълими касбӣ ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ татбиқ намудааст.

Ноябрь 19, 2020 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид