Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Роҳбари навтаъйини Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Роҳбари навтаъйини Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ Такасава Мунео вохӯрӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат иттилоъ доданд.
Зимни вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба якчанд лоиҳаҳои дуҷониба бо мақсади татбиқи рушди устувор дар Тоҷикистон дар самтҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди ҳамкории иҷтимоию иқтисодӣ, иқтисоди рақамӣ, инфрасохтор ва рушди деҳот ибрози назар намуд.
Ҷонибҳо аҳамияти кушодани давраи оғози пешбарӣ ва пешниҳоди дархостҳоро барои барномаи стипендияи «Роҳбарияти Глобалӣ дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор (SDGs)» (SDGs Global Leader Program) таъкид карда, кори Шӯрои ҳамоҳангсози рушди миллиро тасдиқ карданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






