ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ишкошим бахшида ба 30-солагии Истиқлолият 76 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад

Декабрь 27, 2020 09:29

ДУШАНБЕ, 27.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди  76 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки  арзиши пешакии онҳо 104,8 млн сомониро ташкил медиҳад.   

Дар ин бора мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Вадим Матробов дар  машварати васеи назди раиси ноҳияи Ишкошим, ки  бо иштироки муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода баргузор гардид, хабар дод.

Тавре  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори машварат масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар  соли 2020, омодагӣ  ба ҷамъбасти сол ва  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Вадим Матробов дар мавриди омодагии иншооти ҷашнӣ  дар ноҳия гузориш дода, аз ҷумла зикр кард, ки бунёди иншоот  аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 86,6 млн сомонӣ, буҷети вилоятӣ 2,0 млн сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 395,0 ҳазор сомонӣ, маблағҳои сармояи хориҷӣ 6,6 млн сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ 9,2 млн сомониро ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки айни замон дар 60 адад иншооти  ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст, ки 82,0 фоизи иҷрои нақшаи мазкурро ташкил медиҳад. Аз 76 иншооти ба нақша  гирифташуда  ба ҳолати имрӯза 31 адади он   мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Ҳамчунин дар ҷаласа гузориши мудирони  дигар сохторҳои  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим оид ба натиҷаи фаъолият дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.

Сипас Раиси ноҳия Мусо Мирзозода ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ аз 15 декабри соли равон  ба масъулин  барои  ташкилу баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо мардум дар маҳал супориш дод.

Гуфта шуд, ки дар ноҳия баҳри анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ  аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими аънана ва ҷашну маросим, шӯроҳои ҷамъиятӣ, калонсолон, ҳаракати ваҳдати миллӣ, зиёиён ва фаъолони ноҳия гуруҳи корӣ таъсис гардида,  ба маҳалҳо сафарбар карда шуданд.

Сипас дар машварат муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода   иброз намуд, ки имрӯз гурӯҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо вобаста гардида, тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардидаанд.

Мақсад аз ин сафари гурӯҳҳои корӣ ба маҳалҳо аз наздик огаҳ шудан аз  аҳволи мардум, таҳлили натиҷаҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии соли 2020 дар маҳалҳо, камбудиву мушиколот ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2021, омодагии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳву зимистон, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, омодагӣ ба иди байналмилалии Наврӯз, оғоз бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ, ташкили ярмакаҳои фурӯши маҳсулот дар бозор ва нуқтаҳои муайян ва таъмин аҳолӣ бо маводи озуқа ба ҳисоб меравад.

Декабрь 27, 2020 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид