Агентии авиатсияи гражданӣ: Дар хариди чиптаҳои парвоз эҳтиёт намоед, то дучори қаллобон нагардед!
ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /НИАТ «Ховар»/. Чанде қабл, баъзе расонаҳо хабар доданд, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳои доимии худро барқарор карда, ба фурӯши чиптаҳои парвоз шурӯъ кардаанд ва парвозҳои байналмилалӣ аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ва баръакс мунтазам анҷом дода мешаванд.
«Ин хабар асоси воқеӣ надорад. Парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни кишварҳои болозикр танҳо пас аз ба эътидол омадани вазъи каронавируси нави COVID-19 ва эълони расмӣ аз ҷониби агентии мо барқарор карда мешаванд», — гуфт ба АМИТ «Ховар» директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ААГ) Икром Субҳонзода.
Дар робита ба ин, Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ аз шаҳрвандони мамлакат даъват менамоянд, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд ва то нашри изҳороти расмӣ дар бораи барқарор гардидани парвозҳои мунтазам дар харидани чиптаҳои парвоз эҳтиёт намоянд, то дучори қаллобон нагарданд. Дар айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳанӯз барқарор нашудаанд.
«Бори дигар иттилоъ медиҳем, ки барқарории парвозҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон ва аз он ба хориҷи мамлакат расман танҳо пас аз беҳтар шудани вазъи каронавируси нави COVID-19 амалӣ карда мешавад», — тазаккур доданд дар Агентӣ
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






