Имрӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид

Декабрь 9, 2020 10:24

ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Тавре аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, аъзои Шӯро дар маҷмӯъ 41 масъаларо, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Аз ҷумла, дар ҷаласа қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боз 13 санади қонунгузорӣ оид ба ворид намудани тағйир ба якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дар соҳаи хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умумии шаҳри Душанбе ҷорӣ намудани низоми электронии пардохти роҳкиро,  инчунин вобаста ба додани имтиёз барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ қабул ва пешниҳод гардидаанд, муҳокима карда шуданд.

Инчунин аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳошимзода Д.Д.», «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳматуллозода Б.С.», «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Додихудозода Д.Б.»ва «Оид ба иваз намудани номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти Вахон» баррасӣ ва ба иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод карда шуданд.

Ҳамчунин Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Шӯрои илмӣ-машваратии назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба такмили фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва мақомоти он равонагардидаро  баррасӣ карда, онҳоро ба рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон пешниҳод намуд.

Доир ба ҷараёни иҷрои Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020» муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода гузориш дода, аз рӯи масъалаи мазкур қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Худи ҳамин рӯз тибқи дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баррасии масъалаҳои дар ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда идома дода шуд.

Аъзои Шӯро бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қарорҳои Шӯроро вобаста ба тартиби кор, инъикоси ҷараён ва рӯзномаи ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон доир ба масъалаҳои тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод кардан ва таъйин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба рӯзномаи ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод карда шуданд.

Бо ҳамин ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ хотима бахшид.

Декабрь 9, 2020 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи сеюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Қазоқистон доир шуд
ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР МУҲИТИ ПАРЛУМОНӢ. Ояндае, ки имрӯз фаро мерасад
Файзалӣ Идизода дар Женева оид ба дастовардҳои парламенти Тоҷикистон сухан гуфт
Раиси Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи сатҳи баланд дар Женева иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар Конфронси ҷаҳонии Раисони парлумонҳо дар Женева иштирок менамояд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Муғулистон мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия густариш меёбанд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Чин ташкили механизми муошират байни мақомоти қонунгузорро меомӯзанд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд