Аёдати шахсони ниёзманд самти муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад

Декабрь 28, 2020 11:58

ДУШАНБЕ, 28.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба ғамхорӣ фаро гирифтани қишри ниёзманди аҳолӣ, бахусус маъюбону ниёзмандон зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор додад.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дирӯз якчанд сокинони маъюбу ниёзманди шаҳру деҳоти  шаҳрро  аёдат намуд ва  ба ниёзмандон кумакҳои моддӣ ва аробачаҳои маъюбӣ тақдим гардид.

Абдухолиқ Холиқзода аз таваҷҷуҳи махсус ва дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони ниёзманд ёдовар шуда, бо шароити зист ва мушкилоти онҳо бевосита шинос гардид.

Мавриди зикр аст, ки давоми чанд рӯзи охир баҳри дар амал татбиқ намудани тадбирҳои инсонпарваронаи Ҳукумати мамлакат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 21 нафар шахсони ниёзманд бо аробачаҳои маъюбӣ ва кумакҳои моддӣ таъмин шуданд.

Декабрь 28, 2020 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид