Дар Хоруғ аксияи «Беҳдошти саломатӣ барои шаҳрвандон» гузаронида шуд

Декабрь 10, 2020 12:02

ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии Ковид-19 ва хуруҷи дигар бемориҳои сироятӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ВМКБ дар маркази шаҳри Хоруғ аксияи «Беҳдошти саломатӣ барои шаҳрвандон» гузаронида шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба сокинон ва меҳмонон дар маркази шаҳри Хоруғ барои беҳдошти саломатӣ ва пешгирии бемории сироятии Ковид -19, ки имрӯзҳо авҷи дуюми он дар тамоми дунё ба мушоҳида мерасад, зиёда аз ҳазор адад ниқобҳо ройгон тақсим карда шуданд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандони мамлакат аз таҷрибаи дигар кишварҳо ва тадбирандешиҳои давлат хатари бемориҳои сироятиро хуб дарк карда, тибқи тавсияи табибон амал намуда, худ ва наздиконашонро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз менамоянд. Кӯшишу заҳматҳои роҳбарони давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона гардидааст, ки шаҳрвандон аз ҳама гуна бемориҳо муҳофизат карда шаванд, зеро саломатии миллат боигарии давлат мебошад.

Чунин тадбирҳои пешгирикунанда дар дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ низ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Декабрь 10, 2020 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд