ҶДММ «Шимшо» ба 300 нафар ниёзмандони Хоруғ ва ба оилаҳои камбизоати Хатлон 15 тонна орд кумак мерасонад

Декабрь 31, 2020 12:04

ХОРУҒ, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди «Шимшо» ба 300 оилаҳои камбизоат ва афроди имконияташон  маҳдуди шаҳри Хоруғ  кумаки ғизоӣ, аз ҷумла маҳсулоти ниёзи аввал  орд, равған,  шакар расонида,  инчунин  ба ниёзмандон аробачаҳои маъюбӣ тақдим намуд. Кумаки навбатии Ҷамъияти дорои  масъулияти  маҳдуди «Шимшо» аз 15 тонна орд, якуним тонна равған, якуним тонна биринҷ, ду дона аробачаи маъюбӣ ва дигар маводҳои зарурии рӯзгор иборат аст, ки он ба оилаҳои камдаромади шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон расонида мешавад.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар”  хабар медиҳад, намояндаи ин ширкат Искандар Сунатов   иброз дошт, ки “мутаассифона, чанд соли охир расми хуби тоҷикон – айёдат ва кумак ба ниёзмандон  рӯ ба коҳиш дошт ва мояи хушҳолист, ки  бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи суннатии халқи тоҷик дубора эҳё  мегардад. Зеро Президенти мамлакат  дар ҳар як дидору мулоқотҳояш бо соҳибкорон ҳамеша таъкид мекунад, ки аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ  маҳсуб шуда, ба хонаву дари мо ва сарзаминамон  файзу баракат меорад.  Аз ин рӯ,  солҳои охир кумак ба ин гурӯҳҳои аҳолӣ ба як амали хайр табдил ёфтааст”.

“Сухан сари миқдори кумак нест, муҳим он аст, ки  хислтаҳои хамидаи инсонии халқи тоҷик дубора  эҳё мегарданд. Ниёгони мо як луқма нонро танҳо намехӯрданд ва ҳатман бо ҳамсояҳои худ тақсим мекарданд.”, -афзуд номбурда.

Ҷамъияти дорои  масъулияти  маҳдуди «Шимшо» яке аз ширкатҳои бонуфузи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон буда,  дар баробари ғанисозии буҷаи маҳаллӣ, ҳамчунин бо истифода аз даромади иловагиаш ба оилаҳои камдаромад ва шахсони имконияташ маҳдуд низ дасти кумак дароз мекунад.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат барои рушди соҳибкорӣ ва тавсеи бештари он ҳамаҷониба ғамхорӣ зоҳир намуда, ба он соҳибкороне, ки ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ машғуланд, имтиёзҳо муқаррар намудааст. Дар посух ба ин дастгирӣ соҳибкорони кишвар низ барои боло бурдани иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии оилаҳои миёнаҳол ҳамеша талош меварзанд.

Декабрь 31, 2020 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд