Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба тарбиятгирандагони «Хонаи бачагон»-и ноҳияи Фархор

Декабрь 30, 2020 15:16

ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодии 2021 аз ҷониби мудири бахши САҲШ-и Вазорати адлия дар ноҳияи Фархор Нилуфар Мирзозода ба 3 нафар ятими кулл ва 66 нафар нимятими тарбиятгирандагони «Хонаи бачагон»-и ноҳияи Фархор туҳфаҳои солинавӣ  тақдим гардида, ҳамчунин барои онҳо дастурхони идона ороста шуд.

Мудири  бахши САҲШ-и ноҳия тарбиятгирандагони таълимгоҳи мазкурро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик намуда,  изҳор дошт,  кӯдаконе, ки бо амри тақдир аз саробонии падару модар ё яке аз онҳо маҳрум гаштаанд, набояд худро танҳо эҳсос кунанд ва аз таваҷҷуҳу ғамхориҳо бенасиб бошанд, зеро онҳо ҳамеша таҳти ҳимояту дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор доранд ва   кумаки доимӣ ба онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад.

Ҳамчунин Нилуфар Мирзозода  бо шароити зисту зиндагонии тарбиятгирандагони «Хонаи бачагон» шинос шуда, иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик бо дастгирии соҳибкорони хайрхоҳ  ба кӯдакон либосу пойафзоли зимистона тақдим карда мешавад. Дар идомаи   ин гуна иқдомҳои нек аз  ҷониби бахши  САҲШ-и ноҳияи Фархор ба 3 оилаи эҳтиёҷманд, ки дар тарбияи худ кӯдакони маъюб доранд, туҳфаҳо ва шириниҳои солинавӣ  супорида шуд.

Декабрь 30, 2020 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд