Ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дар Бадахшон бо анвои гуногуни хӯрокӣ таъмин шуданд

Январь 19, 2021 15:06

ХОРУҒ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бориши барвақти зимистони имсол ҳайвоноту парандагони ваҳширо маҷбур сохт, ки дар  ҷустуҷӯи ғизо аз қуллаҳои кӯҳ раҳ ба сӯи маҳаллаҳои аҳолинишин оранд. Қаблан  танҳо ба шикорчиён муяссар мешуд, ки гӯсфанди Марко Поло ва ё нахчирро аз наздик бубинанд, дигарон  акси ин ҷонварони нодир ва зеборо танҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо медиданд. Вале тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад,  зимистони имсол сокинони шаҳри Хоруғ дар теппакӯҳҳо ҳайвоноту парандагони ваҳширо борҳо мушоҳида карданд.

Сардори Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» Назрӣ Назриев гуфт, ки “аз қуллаҳои кӯҳ ба маҳаллаҳои аҳолинишин фаромадани ҳайвонот, агар аз як сӯ резиши барфи зиёд бошад, аммо аз сӯи дигар, аз боло рафтани маърифати экологии мардум ва муносибати дилсӯзонаашон ба муҳити атроф  шаҳодат медиҳад. Дар чанд даҳсолаи охир эҳсос мешавад, ки ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ, ба шумули гӯсфанди кӯҳӣ, нахчир, бузи кӯҳӣ, мурғи ҳилол, кабк ва амсоли инҳо аз инсонҳо тарсу ҳарос надоранд”.

Ба гуфтаи сардори Хоҷагии ҷангали вилоят, соли равон барои анҷом додани чораҳои биотехникӣ дар ҳар ноҳияи вилоят ба миқдори 500 килограмм гандум ва 800 килограмм хӯроки дурушти чорво захир карда шуда, бори дуюм аст, ки дар ҷойҳои муайяни кӯҳу пуштаҳо пошида мешаванд.

Дар анҷом додани чораҳои биотехникӣ дар баробари муассисаҳои давлатӣ, ҳамчунин аъзои маҳфилҳои «Дӯстдорони табиат» ва  «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят низ саҳми фаъол мегузоранд.

Январь 19, 2021 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд