Дар Сангвор бо мақсади тарғиби таомҳои миллӣ озмуни «Дастархонороӣ» доир шуд
САНГВОР, 30.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Сангвор бо иштироки беҳтарин ҳунармандони ноҳия озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардид.
Озмуни мазкур ҷиҳати амалӣ намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2020 «Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» гузаронида шуд.
Тавре корманди ноҳияи Сангвор Шодӣ Раҳмонов ба мухбири АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, аъзои ҳакамон аз рӯи шартҳои озмун бо истифода аз сарфакоронаю моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархони оросташуда, риояи анъанаҳои миллӣ, мавҷудияти таомҳои миллӣ дар дастархони оросташуда ва ба замона мутобиқат кардани он ҳунари кадбонуҳоро санҷида, онҳоро барои иштироки фаъолона бо Сипосномаву Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ намуданд.
Ҳадафи баргузор намудани озмуни «Дастархонороӣ» эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, баланд бардоштани маданияти дастархонороии сокинон, сарфаю сариштакорӣ дар оростани дастархон ва истифодаи бештар аз маҳсулоти хоми маҳаллӣ, аз ҷумла гулу гиёҳҳои шифобахш мебошад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






