Душанбе мизбони Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва кишоварзии Афғонистон гардидааст
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Афғонистон тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар Тоҷикистон намоишгоҳи бузурги сангҳои қиматбаҳо баргузор намояд. Чунин гуфт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва кишоварзии Афғонистон, ки имрӯз бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе баргузор гардид. Дар намоишгоҳ 27 ширкати тавлидотии Афғонистон, инчунин муҳоҷирони афғони муқими Тоҷикистон молу маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва кишоварзии Афғонистонро муаррифӣ намуданд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъули бахши тиҷорати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаёзиддин Ғиёсӣ иброз дошт, «намоишгоҳи мазкур дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии ду ҳамсоякишвар-Тоҷикистон ва Афғонистон бо мақсади муаррифии маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва кишоварзии Афғонистон созмон дода шудааст. Дар намоишгоҳ маҳсулоти ҳунармандон ва кишоварзони Афғонистон, ки аз маснуоти миллии заргарии аз нуқра сохташуда, ороишот аз сангҳои қиматбаҳо, маснуоти сафолӣ, зарфҳои мисӣ ва чӯбӣ барои рӯзгор, пахта, қолинҳо, сабадҳо, шол ва пироҳанҳои миллӣ барои бонувон, ҳунарҳои «қуроқдӯзӣ», «чакан», «зардӯзӣ», маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили меваҷот, хушкмева, асал, шарбату нӯшобаҳои аз меваҷот, хусусан аз оби анор омодашуда ва дигар маҳсулоти ғизоӣ иборат буд, дар 40 ғурфа ба намоиш гузошта шуданд.
Аз намоишгоҳ намояндагони идораҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ва Афғонистон боздид намуда, баргузории Намоишгоҳи маҳсулоти дастӣ ва кишоварзии Афғонистонро дар Тоҷикистон қадами муассир дар таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва муаррифии маҳсулоти Афғонистон дар бозори Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Баргузории Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва кишоварзии Афғонистон дар Душанбе дар ҳолест, ки гардиши мол байни ду давлати ҳамҷавор беш аз пеш афзоиш ёфта, солона аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 15-16 миллион доллар семент содирот мегардад. Танҳо дар зарфи соли 2019 гардиши мол байни ду кишвар 308 миллион долларро ташкил дода буд. Ҳамзамон Афғонистон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон тасмим гирифтааст чор корхонаи муштараки истеҳсолӣ роҳандозӣ намояд. Инчунин бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ дар иртибот ба пандемияи COVID-19 интизор меравад, ки дар оянда байни Тоҷикистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами ҳавоӣ барқарор гарданд, ки ин ба таҳикии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Афғонистон мусоидат менамояд.
Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»















Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд






