Форуми байналмилалии иқтисодии «ИДМ — 30 сол» дар Москва баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баргузории Форуми анъанавии солонаи байналмилалии иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «ИДМ — 30 сол» 11-12 март дар Москва ба нақша гирифта шудааст. Он бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ ва як қатор шарикон аз Россия ва дигар кишварҳои Иттиҳод доир мешавад. Иштирокчиёни Форум натиҷаҳои кори худро дар се даҳсолаи охир ҷамъбаст намуда, таҷрибаи худро табодула, робитаҳои шарикии мутақобилан судмандро мустаҳкам ва нақшаҳои ояндаро муайян мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Давоми фаъолияти Форум намоишгоҳи ИДМ-ЭКСПО /CIS-EXPO дар шакли онлайн баргузор мешавад. Ин як самти нав ва муосир аст. Ин ба истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони кишварҳои ИДМ имкон медиҳад, ки робитаҳои мутақобилаи судманд ба роҳ монанд, номгӯйи молҳои истеҳсолшударо ба таври аёнӣ намоиш диҳанд, ки ин бояд ба рушди бозори умумии Иттиҳод таъсири созгор бирасонад.
Танзимкунандаи намоишгоҳ платформаи Expocenter.Digital бо дастгирии Ассотсиатсияи «Маркази тиҷорати рушди иқтисодии ИДМ» ва AНO «Шӯрои рушди савдои хориҷӣ» мебошанд. Якчанд шаклҳои иштирок дар намоишгоҳ пешбинӣ шудаанд ва ин имкон медиҳад, ки робита байни ширкатҳо ба қадри имкон бароҳаттар ташкил карда шавад (бозори намоишии онлайн, ки давоми сол кор мекунад; феҳристи онлайни корхонаҳои ИДМ, бо имконияти тамоси фаврӣ; VR (3d) майдони намоишии онлайн бо стендҳои кишварҳо ва корхонаҳои пешрафтаи саноатӣ).
Ғайр аз ин, дар Форум сабқати сайёҳии онлайн — «Ҳамаи унсурҳои ҷаҳон» ҳамчун шакли нави ҳамгироии сайёҳӣ баргузор мешавад.
Дар мавзӯи «Оқибатҳои манфии пандемия барои иқтисодиёти давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва бахши «Табдилоти рақамӣ дар хидмати суботи молиявӣ» мизи мудаввар баргузор хоҳад шуд.
14 январ дар Маркази соҳибкории рушди иқтисодии ИДМ мулоқоти кории ташкилкунандагони Форум дар шакли рӯ ба рӯ ва видеоӣ баргузор шуд. Дар он намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои аъзои ИДМ дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод ва намояндагони аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.
Аз ҷумла, дар вохӯрӣ роҳбарони Ассотсиатсияи «Маркази соҳибкории рушди иқтисодии ИДМ» — Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Анатолий Казаков ва Директори генералӣ Владимир Савченко, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Комиссияи оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ Айгул Рисқулова, мушовири калони сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия Дмитрий Горбачёв, мушовири сафорати Ҷумҳурии Молдова оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Евгений Кистол, Комиссари ҷамъиятӣ оид ба таъминоти байналмилалӣ дар Москва Алевтина Кириллова, Комиссари ҷамъиятӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи содиркунандагон ва воридкунандагон дар Москва Максим Черешнев, роҳбари Кумитаи сайёҳии Маркази соҳибкории рушди иқтисодии кишварҳои ИДМ Анастасия Павлова, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии Маркази тиҷоратии ИДМ Елена Ятсенко суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласаи корӣ якчанд масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба Форуми ояндаи байналмилалии иқтисодиро мувофиқа намуданд ва изҳори боварӣ карданд, ки он таҷрибаи мусбати ҳамкории мутақобилаи судманди кишварҳои ИДМ-ро дар соҳаҳои гуногун ҷамъбаст намуда, ба рушди пай дар пайи иқтисодиёти онҳо такони нав хоҳад бахшид.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






