«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорат санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров иброз намуд, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» сафи донишомӯзони фанҳои диқиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд. Ҳамчунин наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дар солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳм гузоранд.
Мавсуф зикр дошт, ки озмуни навбатӣ мисли Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тамоми қишри ҷомеаро фаро гирифта, ба ҳамоиши анъанавӣ табдил мегардад. Зеро пешравии ҷаҳони имрӯза аз ҷавонони китобдӯст ва донандаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ вобастагӣ дорад.
Ба гуфти Сарвари давлат, соли равон маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардидаи озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёд карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ тақдим гардида буд.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ҷудо гардид. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян гардида буд.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2019 маблағи умумӣ барои мукофот 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медод, ки ба гирандаи Шоҳҷоиза дар ҳаҷми 50000 сомонӣ тақдим гардид.
Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Инчунин ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шавад.
Ёдовар мешавем, ки раиси вилояти Хатлон 23 январ дар маросими таҷлили ҷашни Сада дар толори Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар иброз намуд, ки дар баробари ҳар ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021 ба омӯзгорони онҳо низ мукофотпулӣ дода мешавад.








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






