Пешвои миллат: «Дар сиёсати иҷтимоии давлат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон диққати ҷиддӣ дода мешавад»

Январь 26, 2021 15:05

ДУШАНБЕ, 26.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия менамоянд.

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ  ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки лоиҳаи Қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Ёдовар мешавем, ки 23 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе 10-солагии қабули Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон натиҷагирӣ ва таҳияи лоиҳаи нави Стратегияи мазкур барои солҳои 2021-2030 баррасӣ  гардида буд.

Зимни он Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр кард, ки  «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ҳуҷҷати муҳимест, ки ба ҳалли проблемаҳои дарки зарурати таъмини баробарии гендерӣ ва татбиқи сиёсати гендерӣ аз ҷониби ҷомеа, номукаммал будани заминаҳои қонунгузорӣ дар ин самт, ҷой доштани ақидаҳои мухталиф бобати нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, нокифоя будани ҳамкории тарафайни мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ҷой доштани мушкилот дар амалисозии ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои мухталифи сиёсату меҳнат, иқтисоду фарҳанг равона гардида, дар доираи 9 боби таҳияшуда масоили болозикрро бо ҳадафҳои расидан ба мақсадҳо инъикос мекунад.

Бо мақсади фароҳам овардани замина ва шароити  муносиб барои ба таври васеъ зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ ва дар  ин замина таъмини рушди устувори ҷомеа мутобиқи  моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 тасдиқ гардида, Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамоҳангсози татбиқи он муайян гардид.

Нуқтаи муҳиме, ки дар Стратегия таваҷҷуҳи махсус ба он равона гардидааст, амалишавии механизмҳои давлатӣ-иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамкории мақомот ва ташкилоти ҷамъиятӣ бо такя ба ташаббускориҳо, худфаъолиятӣ ва худидоракунии шаҳрвандон-занону мардон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ буда, он ба расонидани кумаки назариявӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон  оид ба масоили баробарии ҷинсҳо ва масъалаҳои гендерӣ нигаронида шудааст.

Январь 26, 2021 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид