СММ: дар тӯли таърихи мушоҳидот соли 2020 бадтарин сол барои сайёҳӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи сайёҳӣ дар соли 2020 бадтарин соли худро дар тамоми таърихи мушоҳидот паси сар намуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО, идораи махсусгардонидашудаи СММ) хабар додааст.
«Сайёҳии ҷаҳонӣ дар соли 2020 бадтарин солро дар тамоми таърихи мушоҳидот паси сар намуд. Мувофиқи маълумоти охирини Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, теъдоди воридшавиҳои байналмилалӣ 74% коҳиш ёфтааст», — зикр шудааст дар хабарномаи матбуоти ЮНВТО.
Тибқи маълумоти созмон, бахши туризм соли 2020 1,3 триллион долларро аз даст додааст — ин нисбат ба давраи буҳрони ҷаҳонии иқтисодии соли 2009 11 маротиба зиёдтар аст. Аз 100 то 120 миллион ҷойҳои корӣ дар бахши туризм зери хатар буданд.
Бо сабаби тағйир ёфтани табиати пандемия бисёр кишварҳо ҳоло маҳдудияти шадидтарро дар мавриди сафарҳо дубора ҷорӣ мекунанд. Ба онҳо санҷишҳои ҳатмии тестӣ, карантин ва дар баъзе ҳолатҳо комилан бастани марзҳо дохил мешаванд. Ҳамаи ин ба барқарор шудани сафарҳои байналмилалӣ таъсир мерасонад. Дар айни ҳол, интизор меравад, ки эмгузаронии тадриҷӣ бо ваксинаҳои COVID-19 ба барқарор шудани эътимоди муштариён ва сабуктар гардидани маҳдудияти сафар мусоидат кунанд.
АКСИ ТАСС








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид






