СУРАТ-ДАЛЕЛ. Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва истифодаи самараноки заминҳои шаҳри Кӯлоб шинос гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳо аз хоҷагиҳои деҳқонии Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ ва Маҷмаи илмӣ-агросаноатӣ дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб боздид намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, зимни сафар меҳмонон аз ҷараёни сохтмони мактаби №19 дар деҳаи Офтоблиқои Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб низ дидан намуданд.