ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 январ, панҷшанбе, 28-умин рӯзи соли 2021 аст

Январь 28, 2021 08:00

28 январи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» фармон ба имзо расониданд.

***

12 сол пеш, 28 январи соли 2009 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистонро «Дар бораи  ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» тасдиқ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо баргузор гардид.

 28 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии бекорон.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи маълумоти шахсӣ.

***

Рӯзи байналмилалии бидуни интернет.

***

Дар Арманистон – Рӯзи қӯшун.

***

Дар Руанда – Рӯзи демократия.

РӮЙДОДҲО:

 28 январи соли 2010 дар Лондон Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 70 давлати дунё ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок намуданд.

***

28 январи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

5 сол қабл, 28 январи соли 2016 дар баҳри Эгей, дар наздикии соҳили Юнон киштии муҳоҷирон ба садама дучор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 ВАО хабар доданд, ки Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи ба муҳлати 120 рӯз  боздоштани қабули гурезагон ба ИМА фармон ба имзо расонид. «Ин амал барои ҳимояи мамлакат аз воридшавии террористони хориҷӣ мебошад»,- гуфт Трамп.

***

28 январи соли 1943 дар Германия даъвати занон ба хизмати ҳарбӣ эълон карда шуд.

 ***

43 сол муқаддам, 28 январи соли 1978 медали ҷашнии «60-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ» таъсис дода шуд.

***

28 январи соли 1986 пас аз 73 сонияи парвоз киштии кайҳонии «Челленждер-10»-и Америка, ки  барои истифодаи чандинбора буд, таркид. Ҳамаи ҳайати сарнишинон, ки аз 7 кайҳоннавард иборат буд, ҳалок гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1939 маҷаллаи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии «Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

***

Соли 2003 дар Британияи Кабир навъи нави сӯзишворӣ ба фурӯш бароварда шуд.  

Январь 28, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш