Ҳукумати Россия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022 630 бурсия ҷудо намудааст
ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Федератсияи Россия дар соли таҳсили 2021-2022 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия 630 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи нақшаи қабули шаҳрвандони хориҷӣ, бурсияҳои таҳсил аз ҳисоби буҷети федералии Федератсияи Россия ҷудо гардидаанд.
Ба иттилои намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирии довталабон аз 20 январ то 20 феврали соли равон тариқи сомонаи интернетии www.edu.rs.gov.ru ба роҳ монда мешавад.
Баргузории даври аввали имтиҳонҳо аз 21 феврал то 14 марти соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Акс аз бойгонӣ








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






