ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Вахш сохтмони бинои таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷи кишоварзӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 21.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш сохтмони бинои коллеҷи кишоварзӣ ва хобгоҳи коллеҷи кишоварзӣ ҷараён дорад.
Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Иншооти мазкур бо ибтикори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Балх-2015» моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, айни ҳол идома дорад.
Бинои коллеҷи кишоварзӣ дар ноҳияи Вахш дар масоҳати умумии 67840,0 метри мурабаъ қомат афрохта, то имрӯз беш аз 10 миллион сомонӣ масраф шудааст. Ин бино аз 5 ошёна иборат буда, барои 600 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст. Арзиши лоиҳавии сохтмон беш аз 150 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.
Дар коллеҷи мазкур шароити хуби хизматрасонӣ ва таҳсил фароҳам оварда шуда, беш аз 150 нафар омӯзгорону кормандони техникӣ дар он бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Бунёди чунин муассисаи таълимии махсусгардонидашуда дар водии Вахш муҳим мебошад, зеро дар вилояти Хатлон, ки минтақаи аграрист, ба мутахассисони ихтисосманди соҳаи кишоварзӣ талабот зиёд аст.








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






