Дар Тоҷикистон қоидаҳои имло тағйир меёбанд

Февраль 18, 2021 12:26

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон қоидаҳои имло тағйир меёбанд. Лоиҳаи санади дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода хабар дод.

Ба гуфтаи роҳбари Кумита, мутахассисони идора қоидаҳои нави имлои забони тоҷикиро таҳия кардаанд, ки 108 тағйироти хурду бузургро дар бар мегиранд.

“Мо ба решаҳои тоҷикии худ баргаштем. Хусусиятҳои фонетикии садонокҳо ва ҳамсадоҳо ба оҳанги аслии худ баргаштанд ”, — шарҳ дод раиси кумита.

Муҳаммадҷонзода иброз кард, ки то имрӯз як мушкил ҳалношуда боқӣ мондааст — ин имлои якчанд калимаҳо ва ҳарфҳо, аз ҷумла калимаҳои дорои «ы», «ц», «ь», «щ» мебошад. Қаблан ин ҳарфҳо дар алифбои тоҷикӣ ҳузур доштанд, аммо соли 1998 бардошта шуданд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот шарҳ дод, ки ислоҳот имлои нави ин ҳарфҳоро сабт хоҳанд кард, аммо зикр кард, ки худи ин ҳарфҳо ба забон барнамегарданд. «Ҳама ҷузъиёти имлои нав пас аз тасвиб шудан ба мутахассисон ва аҳолӣ пурра шарҳ дода мешаванд», — зикр намуд ӯ.

АКСИ: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2021 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд