Дар Тоҷикистон шумораи ҳайвоноти нодир афзоиш меёбад

Февраль 4, 2021 12:02

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон шумораи гӯсфандони кӯҳӣ (архар ё «Марко Поло») ба беш аз 26 ҳазору 480 сар расидааст. Тавре хабаргузории «Авесто» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ изҳор доштааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, саршумораи бузҳои пармашох  беш аз 2,7 ҳазор сар, гавазни бухороӣ — аз 500 то 520 сар, бабрҳои барфӣ то 300-350 сар ва хирсҳои бӯр — то 800 сар зиёд шудааст.

Мисли солҳои қаблӣ имсол низ барои шикори ҳайвоноти ваҳшӣ, аз ҷумла барои бузи пармашох — 13 квота, гӯсфанди бухороӣ — 12 -то, гӯсфанди “Марко Поло” — 105 -то ва хирси бӯр — 10 -то ҷудо шудаанд.

Арзиши шикори ҳайвоноти нодир ба намудҳои он вобаста аст. Аз ҷумла, шикори як гӯсфанди наринаи “Марко Поло” 55 ҳазор сомонӣ, бузи пармашох — 337,8 ҳазор сомонӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ — 28,1 ҳазор сомонӣ, хирси бӯр — 10,8 ҳазор сомонӣ мебошад.

Дар айни ҳол зикр карда шуд, ки корҳои биотехникӣ барои аз сардиҳои зимистон беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ идома доранд. Бо ин мақсад барои ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷойҳои дахлдор хӯрок гузошта мешавад.

Аз ҷумла, 8030 кг гандум, 1459 кг ҷав, 11350 кг хасбеда, 1615 кг кунҷора ва сабӯс, 1520 кг намак ва 470 кг ҷуворимакка сарф шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 4, 2021 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд