ИЖТ: Қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти Ҷоизаи ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аъзои Иттифоқ мерасонад, ки қабули мавод барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2020 идома дорад.
Тибқи Низомномаи Ҷоиза озмуни эҷодии мазкур дар чор бахш-матбуоти даврӣ, телевизион, радио, пажӯҳиш дар соҳаи ВАО гузаронида мешавад. Онҳое, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, бояд собиқаи беш аз 5- солаи узвият дар ИЖТ-ро дошта бошанд, иттилоъ медиҳад Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Ба озмун маводе, ки аз 12 марти соли 2020 то 1 феврали соли 2021 дар матбуот, оҷонсиҳои иттилоотӣ, телевизион, радио ба табъ расидаанд, бояд пешниҳод гарданд. Дар номинатсияи пажуҳиш дар ВАО китоб ё дастури таълимӣ қабул карда мешавад.
Довталабон бояд маводи зеринро пешниҳод созанд: нусха аз суратҷаласаи ташкилоти ибтидоии ИЖТ, ки номзадро пешниҳод кардааст. Намунаи маводи пешниҳодшаванда – 9 нусха, маълумотнома оид ба пахши мавод дар ТВ ё радио, нусхаи шиноснома, нусхаи ҳуҷҷати узвияти ИЖТ, сурати 3х 4- 2 дона, 1 дона 9х12.
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25, ошёнаи 1, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳар рӯз аз соати 10.00 то соати 16.00 қабул карда мешаванд.
Муҳлати ниҳоии қабули мавод то 28 феврали соли 2021 идома ёфта, ҷоиза ба ғолибон 11 март дар Рӯзи матбуоти тоҷик супорида мешавад.








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






