ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад

Февраль 22, 2021 08:10

 ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва  тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзан ҳолатҳо боришот бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 14-19 то  20-25 ва рӯзона  4-9 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва  дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона  5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  4+6 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 22, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд