Пагоҳ Кумитаи андоз, Агентии хизмати давлатӣ, Агентии омор, Хадамоти гумрук, Мақомоти шаҳри Душанбе, МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Февраль 17, 2021 10:35

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба ҷамъбасти соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии омор соати 08:30 дар Агентии мазкур доир мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотиро соати 10:00 дар толори Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук соати 10:00 дар Хадамоти мазкур доир  мегардад.

Кумитаи андоз нишастро соати 11:00 дар Раёсати андози андозсупорандагони калон баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 13:30 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзӣ нишасти Агентии хизмати давлатӣ соати 15:00 дар маҷлисгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 17, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад