Дар Душанбе корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ бунёд мегардад

Февраль 25, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» тасмим гирифтааст, ки дар Душанбе корхонаи саноатӣ  оид ба истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ба роҳ монад. Дар  робита ба ин дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе созишномаи сармоягузорӣ  ба имзо расонида шуд. Тибқи нақша, корхонаи саноатӣ  оид ба истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар майдони 7 гектар сохта шуда, беш аз 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. 

Корхонаи мазкур дар доираи амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -саноатикунонии мамлакат бо сармоягузории  умумии 5 миллион доллари амрикоӣ бунёд мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур ба амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат намуда, ба ҳадафи миллии чоруми стратегӣ дар самти саноатикунонии кишвар мутобиқ мебошад.

Февраль 25, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд