Тоҷикистон соли 2020 ба хориҷа ба маблағи 58,8 миллион доллар маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ содирот намуд

Февраль 20, 2021 10:29

ДУШАНБЕ, 20.02.2021/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли гузашта ба хориҷа ба маблағи  58,8 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ содир намудааст. Чунин зикр шуд дар  ҳамоише, ки таҳти унвони «Коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоӣ, рушди соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ – самти афзалиятноки саноатикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон» дар Душанбе доир гардид.

Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон /ИРБаХТ/, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, инчунин Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) аз созмондиҳандагони ҳамоиш буданд. Намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқ, вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва шарикони байналмилалии рушд масъалаҳои марбут ба роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуда, доир ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин самт пешниҳодҳои  муфид баён карданд.

Тавре раиси Шӯрои ИРБаХТ Файзалӣ Раҷабов мегӯяд, ҳадафи ҳамоиш дар шакли анъанавӣ ҷамъ овардани намояндагони бахши давлативу хусусӣ ва муколамаи озод миёни онҳо ҷиҳати беҳтар гардонидани фазои соҳибкорӣ дар соҳа мебошад. Дар нишаст  амалишавии барномаҳои соҳавии давлатӣ, вазъи кунунии  корхонаҳо, истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, сифат ва арзиши маҳсулот ва таъсири он ба рақобатпазирии корхонаҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, талаботи бозори кор ва сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳа матраҳ гардид.

Роҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон Саидмӯъмин Камолов гуфт, ки фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ, омода намудани мутахассисони муҳандисӣ ва коргарони ихтисосҳои асосии босалоҳият, таъмини рақобатнокии маҳсулот дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишварро таъмин менамояд ва қадами муҳимме дар роҳи коркарди ниҳоии нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мегардад.

Сардори департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқ Абдулло Муҳаммадиев зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар соли 2020 гуфт, ки соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар соли 2020 бо вуҷуди пандемия нишондодҳои хуб дошт. Соли гузашта корхонаҳои соҳавӣ 19 287 тонна ресмони пахтагин, 13 705 000 м2 матои пахтагин ва 7 807 000 ҷуфт ҷӯроб истеҳсол карданд. Ҳамчунин дар кишвар дар ҳаҷми 346 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ ва 2 859 000 сомонӣ маҳсулоти кешбофӣ дӯхта шуда, 926 594 дона либоси мактабӣ истеҳсол шуд.

Иштирокдорони ҳамоиш инчунин доир ба такмили сохтор ва идораи коргоҳ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати рақобатпазир, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон, масъалаи андозбандӣ, баланд бардоштани сифат, бехатарӣ ва ҳаҷми дӯхти либосҳои  ягонаи мактабӣ, пешгирӣ аз воридоти ғайрирасмии маҳсулоти тайёри нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, таъмини рақобатнокии солим дар бозори дохилӣ, дастрасии бахши хусусӣ ба қарзҳои имтиёзноки дарозмуддати бонкӣ, омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои босифати тиҷоратӣ, истифодаи самараноки имтиёзҳои андозӣ, баланд бардоштани дониш, қобилият ва малакаи касбии соҳибкорони соҳа табодлуи назар карданд.

Февраль 20, 2021 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд