Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфтанд

Март 17, 2021 16:39

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ кӯшишу ҳавасмандии Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар кишварро дар тавсеаи ҳамкории байнипарламентии миёни Тоҷикистон ва Россия нек арзёбӣ карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро дар муайянсозии афзалиятҳои асосии рушди муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба бо Россия, ки шарики муҳими стратегии ҷумҳурӣ  ба ҳисоб меравад, изҳор доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти робитаҳои байни парламентиро баррасӣ карда, дар марҳилаи муосир нақши дипломатияи парламентиро ҳамчун унсури калидии ҳамкории байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ин ҷода аҳамияти муассири ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби сиғаҳои нодиру самараноки бисёрҷониба, пеш аз ҳама Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва саҳми муҳими онҳо дар рушди фазои ҳуқуқӣ, таъкид гардид.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки таҳкими ҳамкории мутақобила дар ҳошияи Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ яке аз самтҳои муҳими давраи раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ин созмон маҳсуб меёбад.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 30 ноябри соли 2020 ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони мазкур 31 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин дигар масъалаҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Март 17, 2021 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид