МОДАР-ФАРИШТАИ МЕҲР. Дар вазорату идораҳои Тоҷикистон Рӯзи Модар хотирмон таҷлил гардид

Март 6, 2021 13:52

ДУШАНБЕ, 06.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт, ки «имрӯзҳо модарону бонувони мо бо фаъолияти худ дар роҳи татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд ва рисолати иҷтимоии худро муваффақона иҷро менамоянд».

Дар низоми хидмати дипломатӣ низ бонувони тоҷик ҳузури фаъол дошта, дар татбиқи сиёсати берунии кишвар саъю талоши назаррас доранд.

«Нақши модар, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн имрӯз дар баробари ба камол расонидани фарзандони худ, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин, таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд». Ин нуктаро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар ҷамъомад бахшида ба  Рӯзи Модар баён дошт.

Хуршед Каримзода тамоми занону модарон ва гулдухтаронро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва иди пуршукӯҳи модарон таҳният гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки  «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҷаҳду талош намуда, эҳтироми модарро дар мадди аввал гузошта, иброз медоранд, ки модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд».

Инчунин ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи Модар ва гиромидошти эҳтирому эътибори бонувону модарон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандзанони мақомоти геология ҷамъомади тантанавӣ доир карда шуд.

Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода занону бонувон ва дар симои онҳо тамоми модарони тоҷикро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуд.

Зикр гардид, ки аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан–модар ташкил медиҳад. Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд гардид.

«Модар-фариштаи меҳр»- таҳти ин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки вожаи Модар ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфта бошад ҳам, дар мазмуну муҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфтааст. Бузургии Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Зикр гардид, ки Модар бо сиришти поки инсонӣ, фазилати накугавҳарӣ фарҳанги ҷомеаи моро пеш бурда, дар он тухми ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву устувор ва ҷовидонаву давомдор нигаҳ  медорад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созандаи бонувони кишварро  ба таври хосса таъкид  намуда, зикр кардаанд, ки “Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост”.

Ҳамзамон дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак ба муносибати Рӯзи Модар маҳфили тантанавии идона баргузор гардид. Раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода зикр дошт, ки «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерубахши рӯҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогӯи ҷон буда, дили пурмеҳр дорад, ки чун офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад».

Дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расондани фарзандон, омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

Шоир ва орифи бузурги тоҷик Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ итоат ба волидайн, махсусан эҳтироми модарро муҳимтар ва афзалтар аз ҳама мешуморад ва мефармояд:

Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде аз роҳи модарон бошад.
Хок шав зери пои ӯ, ки биҳишт,
Дар қадамҷои модарон бошад.

Март 6, 2021 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд