Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Умари Қурбонализода»-и ноҳияи Кӯшониён дидан карданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён аз боғи навбунёди суперинтенсивии Хоҷагии деҳқонии «Умари Қурбонализода» дидан карданд.
Майдони умумии замин, ки барои бунёди боғи нав пешбинӣ гардидааст, зиёда аз 10 гектарро ташкил медиҳад. Боғи суперинтенсивӣ дар майдони қариб 8 гектар бо истифода аз технологияи муосири парвариши дарахт ва усулҳои пешрафтаи соҳаи кишоварзӣ бунёд шудааст.
Дар майдони бештар аз 3 гектари боғ дарахти шафтолу ва 3 гектари дигар ниҳоли себ шинонида шудааст, ки ҳоло нашъунамои хуб доранд.
Ниҳоли дарахтон тибқи тавсеаи олимон бо назардошти риояи агротехникӣ шинонида шудааст ва ин омил дар оянда барои таъмини сабзиш ва хуб нашъунамо ёфтани ниҳолҳо мусоидат менамояд.
Боғи суперинтенсивӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зайнулло Қаҳҳоров бунёд карда шуда, ҳосили он асосан барои содирот пешбинӣ гардидааст. Обёрӣ ва ғизодиҳии ниҳолҳои боғ бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст, ки бо чунин тарз бунёд намудани боғ дар шароити имрӯза аз бисёр ҷиҳат манфиатовар буда, масрафи беҳудаи оби полезӣ пешгирӣ, хароҷоти нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад.
Дар рафти амалисозии лоиҳа ва бунёди боғи мазкур 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва 15 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ниҳолҳои дар боғи суперинтенсивӣ шинонидашуда дар соли дуюм ба ҳосил медарояд. Меваи себ дар моҳи сентябр пухта мерасад, ки ин аз бартариятҳои асосӣ дониста мешавад.
Дар боғи навбунёд се навъи дарахти шафтолу ва 3 намуди ниҳоли себ шинонида шудааст. Тибқи таҳлил ва баҳодиҳии олимони соҳаи кишоварзӣ бо назардошти риояи дурусту саривақтии агротехникаи парвариш аз 1 гектар ниҳоли дарахтони боғи суперинтенсивӣ гирифтани аз 80 то 120 сентнер ҳосили мева дар назар аст. Дар навбати аввал ин омил ба манфаити боғдорон буда, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои лазизу хуштамъ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ замина фароҳам меорад.
Айни ҳол дар боғи суперинтенсивӣ шинонидани дарахтон идома дошта, то имрӯз 3 ҳазор ниҳоли шафтолу, 2 ҳазор ниҳоли себ шинонида шудааст. Барои эмин нигоҳ доштани боғи мазкур гирду атрофи боғ бо симтурҳо маҳкам карда шуда, дар қисмати поён ва болои боғи суперинтенсивӣ 450 адад дарахтони ороишии сузанбарг шинонида шудааст. Тибқи нақша дар оянда дар майдони 1 гектар замин дарахти сиёҳолу шинонида мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз боғи суперинтенсивӣ иқдоми соҳибкори маҳаллиро барои бунёд кардани боғ бо тарҳи инноватсионӣ барои рушди соҳа манифатовар арзёбӣ карда, ба роҳбарияти хоҷагӣ барои дар оянда самараноку оқилона истифода кардани ҳар қитъа замин ва рӯёнидани ҳосили хушсифату фаровони меваи тару тозаи ватанӣ дастуру супоришҳои муфид доданд.
Дар оянда дар доираи маслиҳату нишондодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти хоҷагӣ ният доранд, ки дар шафати боғи суперинтенсивӣ ҳамчунин дар майдони 2 гектар бунёди гармхонаи доимамалкунанда барои парвариши сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор, бодиринг, боимҷон ва қаламфури булғорӣ, қаламфури сурх тибқи талаботи замони муосир ва усулҳои пешрафтаи парвариши сабзавот бунёд намоянд.









Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид






