Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамовро, ки ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё — Раванди Истанбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла робитаҳои сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар самти рушду густариши муносибатҳо, ба хусус оид ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо, ташкили кооператсияи саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таҳия ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак, муҳимму назаррас арзёбӣ гардид. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли алюминий, иктишоф, истеҳсол ва коркарди муштараки захираҳои карбогидрид дар Тоҷикистон, самти дигари муҳими ҳамкории ҷонибҳо дар бахши саноат номида шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва истифодаи босамари роҳҳои оҳан барои интиқоли молу маҳсулот, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Аз рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби тоҷик, ҷудо кардани бурсияҳо дар донишгоҳҳои олии Озарбойҷон, изҳори қаноатмандӣ карда шуда, пешниҳод гардид, ки рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон, баргузор гардад.
Дар робита ба афзоиши сатҳи таҳдидҳо ва чолишҳо ба амнияти ҷаҳон рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният зарур шумурда шуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд






