Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуданд

Март 17, 2021 16:05

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот анҷом намуданд.  Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мулоқоти мазкур бо хоҳиши роҳбари корпуси дипломатии Франсия дар мамлакат  сурат гирифт.

Дар ибтидои суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири навтаъйини Франсияро бо оғози фаъолияти намояндагӣ дар Тоҷикистон табрик гуфта, ба ӯ дар масири таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварҳо комёбиҳо таманно намуданд.

Рустами Эмомалӣ бо назардошти таърихи бисёрсолаи муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории бисёрҷониба бо  Франсия ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тавсеаи муносибатҳоро бо ин кишвар аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии худ меҳисобад.

Ҷонибҳо мавқеъ ва назари муштараки худро дар таъмини рушди устувор, пешбурду амалисозии ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин дар баррасии масоили тағйирёбии иқлим изҳор доштанд.

Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки солҳои охир баъди баргузории нахустин бизнес-форуми соҳибкорони ду кишвар дар соли 2015 ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия дар самти тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ қадамҳои назаррас гузошта шуданд.

Зимни суҳбат дар баробари дигар соҳаҳо инчунин рушди робитаҳои байни парламентии ҷавобгӯи талаботи муосир ҳамчун яке аз василаҳои самараноки рушди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ ва зарурати фаъолгардонии робитаҳо миёни гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Франсия таъкид карда шуд.

Вохӯрӣ дар  фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Март 17, 2021 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид